луғавӣ

луғавӣ
[لغوي]
мансуб ба луғат; воҳиди луғавӣ збш. калимаи маънидор; муқ. воҳиди фразеологӣ; маънои луғавӣ збш. маънои аслии калимаҳо, муқоб. маънои маҷозӣ; таркиби луғавӣ збш. калимаҳои мавҷудаи ягон забон, вожагон, лексика; фонди (захираи) асосии луғавӣ збш. қисми нисбатан устувори калимаҳо, ки асоси забонро ташкил медиҳад (мас., даст, об, нон ва ғ., ки аз онҳо калимаҳои зиёде сохта шудаанд)

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем решить контрольную работу

Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»